Баргузории дуввумин шаби шеъри "Ситораи Аҳмад" дар Машҳад
Дуввумин ҳамоиши шеъри "Ситораи Аҳмад" бо ҳузури шоирони форсизабони шиаву суннӣ аз кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба муносибати Ҳафтаи Ваҳдат дар шаҳри Машҳад баргузор шуд.
Розияи Раҷоӣ, дабири ин шаби шеър бо эъломи ин хабар афзуд, дар маҷмӯъ беш аз 50 асар ба дабирхонаи ин ҳамоиш ирсол шуд, ки аз ин теъдод 22 асар баргузида шуд.
Вай гуфт, аз ин 22 асар 10 асар аз шоирони эронӣ, 10 асар аз Афғонистон ва ду асар низ аз Тоҷикистон баргузида шуданд.
Нахустин ҳамоиши шеъри “Ситораи Аҳмад” соли гузашта дар айёми Ҳафтаи Ваҳдат баргузор шуда буд.
Бо тавваҷуҳ ба ин ки аҳли суннат 12-уми рабеулаввал ва шиаён 17-уми рабеулаввалро солрӯзи мелоди Набии акрам (с) медонанд, дар Ҷумҳурии исломии Эрон ба ибтикори ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ), ин фосила "Ҳафтаи Ваҳдат" номгузорӣ шудааст.
Дар ин ҳафта дар канори ҷашнҳои мазҳабӣ, ҷашнвораҳои фарҳангиву адабии бисёре низ дар манотиқи мухталифи Эрон баргузор мешавад.