Баргузории Конфронси оби СММ – 2023 бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон
(last modified Thu, 16 Mar 2023 15:25:00 GMT )
Март 16, 2023 20:25 Asia/Dushanbe
  • Ибтикори Сафорати ҶТ дар ҶИЭ оид ба баргузории Конфронси оби СММ - 2023
    Ибтикори Сафорати ҶТ дар ҶИЭ оид ба баргузории Конфронси оби СММ - 2023

15 марти 2023 дар Теҳрон бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар Муассисаи таҳқиқоти оби Эрон бо ҳузури намояндагони вазоратҳои умури хориҷа, нерӯ, муассисаи мазкур, ниҳодҳои дигари марбут ба соҳаи об ва расонаҳои хабарии эронӣ бахшида ба татбиқи ҳадафҳои Конфронси оби СММ (22-24 марти 2023, Ню-Йорк) нишаст баргузор шуд. ​

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон - Низомиддин Зоҳидӣ дар суханронии худ дар бораи аҳамияти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва​ Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об, инчунин доир ба иқдоми ҷадиди Пешвои миллат дар мавриди қатъномаи «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки 14 декабри 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ бо иттифоқи оро қабул кард, маълумоти муфассал ироа намуд.

Дар ин замина, нақши Конфронси Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд 22-24 марти 2023 дар шаҳри Ню-Йорк сурат мегирад, шарҳу тавзеҳ дода шуд. ​ ​ ​

Дар ин нишаст раиси Маркази минтақаии ЮНЕСКО оид ба мудирияти оби шаҳрӣ Муҳаммад Ҳоҷирасулиҳо, мушовири​ вазири нерӯи ҶИЭ Муҳаммадалии Фараҳнокиён, раиси Муассисаи таҳқиқоти оби ҶИЭ Муҳаммадризо Ковиёнпур ва мудирони аршади соҳаи оби ин кишвар низ суханронӣ намуданд.

Зимни баромадҳои онҳо аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо таъкид гардида, тавсеаи ҳамкориҳо байни ду кишвари ҳамзабон дар ин соҳаҳо дар чаҳорчӯби равобити дуҷониба ва созмонҳои байналмилалӣ муҳим арзёбӣ шуд. ​

Дар ҳамоиш видеоклипҳо дар бораи захираҳои обии Тоҷикистон ва лаҳзаҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои Маҷмаи Умумии СММ доир ба масъалаҳои об ба намоиш гузошта шуд.