Вуруди раллии гардишгарии Эрон ба Узбекистон
(last modified Wed, 29 Mar 2023 05:56:13 GMT )
Март 29, 2023 10:56 Asia/Dushanbe
  • Вуруди раллии гардишгарии Эрон ба Узбекистон

Раллии гардишгарии «пайкҳои паёмовари Наврӯз» пас аз убӯр аз Туркманистон вориди Узбекистон шуд.

Ба гузориши ИРНА, ралли гардишгарии худравҳои кемпер ва корвони Эрон, ки аз 23 март ҳамзамон бо барпоии ҷашни Наврӯз дар Эрон, дар масири Роҳи Абрешим оғоз шуда буд, пас аз панҷрӯз паймоиш ба кишвари Узбекистон расид.

Ширкаткунандагон дар ин рӯйдоди байналмилалӣ, пас аз тарки Эрон, вориди Туркманистон шуданд ва зимни боздид аз ҷозибаҳои гардишгарӣ, фарҳангӣ, тарихӣ ва табиии ин кишвар, ба мақсади баъдии худ расиданд. Гуруҳи корвонҳои эронӣ, дар идомаи масир бо убӯр аз шаҳрҳои мухталифи Узбекистон ба кишвари Тоҷикистон, ки мақсади ниҳоии раллӣ аст, хоҳанд расид.

Ин корвони фарҳангӣ ва гардишгарӣ, ки барои аввалин бор бо ширкати 28 дастгоҳи худрави мусобиқотӣ ва корвон бо ҳузури аъзои хонаводаҳои эронӣ аз устонҳои мухталифи кишвар дар ҳоли баргузораст, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти таъсири ин рӯйдод дар таҳкими равобити кишварҳои ҳавзаи ҷашни бостонии Наврӯз аз ҷумла, Туркманистон, Узбекистон, Тоҷикистону Эрон ва ба воситаи қаробати фарҳангӣ, забонӣ, таърихӣ ва тамаддунии ин кишварҳо оғоз шудааст.

Тарвиҷи сафарҳои заминӣ ва масъулона, тавсеаи фаъолиятҳои автомобилронӣ, эҷоди шӯру нишоти иҷтимоӣ, ташвиқи умум ба риояти қавонину муқаророти роҳнамоӣ ва ронандагӣ, тарвиҷи фарҳанги ронандагии эмину эҷоди ҳиси дӯстӣ, меҳрубонӣ, иттиҳоду якпорчагӣ миёни миллатҳои ҳавзаи ҷашни Наврӯз аз муҳимтарин аҳдофи баргузарии ин тури гардишгарии пайкҳои паёмовари Наврӯз аст.

Бештар бихонед:

Вуруди гардишгарони Эрон ба Туркманистон ба муносибати Наврӯз