Таҳлил: Даргирии нерӯҳои Толибон бо ДОИШ дар вилояти Нимрӯз
Нерӯҳои амниятии Толибон махфигоҳи аносири ДОИШ дар шаҳри Заранҷи вилояти Нимрӯзи Афғонистонро ҳадаф қарор доданд.
Маномеъи маҳалӣ давр вилояти Нимрӯз бо таъиди ҳамлаи шабонаи нерӯҳои амниятии Толибон ба махфигоҳи ДОИШ дар минтақаи Маъсумободи шаҳри Заранҷи наздики марзи Эрон гуфтанд: Даргири то бомдоди рӯзи сешанбе идома доштааст.
Ҳамлаи нерӯҳои ҳукумати Толибон зидди аъзои гурӯҳи терорристии ДОИШ, дар ҳоле аст, ки 26 марти гузашта сервиси иттилоотии Толибон эълом кард: Мавлавӣ Зиёъиддин фарди шумораи дуи ДОИШ ва ду узви аршади дигари ин гурӯҳ ба номҳои Абу Умар Афридӣ ва Салмони Тоҷикистонӣ-ро ба ҳалокат расондааст.
Ҳукумати Афғонистон тайи ҳафтаҳои ахир борҳо эълом кардааст махфигоҳҳои ДОИШ-ро дар шаҳрҳои Кобул, Мазори Шариф ва Маймана ҳадаф қарор додааст.
Дар ҳамин ҳол саркардаи ДОИШ дар Афғонистон ба тозагӣ дар файли савти аз тазъифи мавқеъияти ин гурӯҳ дар ин кишвар хабар дод ва афзӯд танҳо теъдоди андаке аз фармондеҳони ДОИШ дар Афғонистон боқи мондаанд.
Афзоиши ҳамалоти нерӯҳои Толибон ба гурӯҳи террористии ДОИШ дар вилоят ва шаҳрҳои мухталифи Афғонистон дар ҳафтаҳои ахирро метавон ношӣ аз фишорҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои муқобила бо терроризм дар ин кишвар донист.
Аз замони ба қудрат расиданди муҷаддади Толибон дар Афғонистон дар августи 2021 то кунун, ҷомеъаи байналмиллалӣ ба хусус кишварҳои ҳамсоя аз идома ва ташдиди фаъолиятҳои ДОИШ дар ин кишвар интиқод карда ва хостори бархурди ҷиддии ҳукумати Толибон аз ин гурӯҳи хашини террористӣ шудаанд.
Кишварҳои минтақа ва ҳамсоягони Афғонистон, идомаи ҳузӯр ва фаъолияти ДОИШ дар Афғонистонро сабаби ба хатар афтодани амнияҷи худ ва бурузи бесуботи медонанд.
Дар ҳудуди ду соли гузашта дар нишастҳои марбут ба ҳамсоягони Афғонистон, борҳо аз давлати Толибон хоста шуда то зимни поён додан ба ҳузӯри террористҳо дар Афғонистон, монеъ аз ҳамалоти онон ба дигар кишварҳо аз хоки Афғонистон шаванд.
Дар дохили Афғонистон низ мардум ва гурӯҳҳои мухталиф низ ба шиддат аз идомаи ҳузӯр ва густариши доманаи иқдомоти зиддӣ башарии ДОИШ дар ин кишвар нигаронанд ва онро таҳдиди бузург барои ояндаи Афғонистон медонанд.
Ҷовиди Кӯҳитонӣ, коршиноси масоили амниятӣ ва низомӣ дар Афғонистон мегӯяд: Чунончӣ ДОИШ дар Афғонистон саркуб нашавад, як таҳдиди стратежики барои кишвар ва барои дигар кишварҳои минтақа ва ҳамсоя хоҳад шуд.
Дар шароите, ки фишорҳои дихилӣ ва байналмиллалӣ бар давлати Толибон барои муқобила бо ДОИШ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст, ҳукумати Толибон ҳам барои костан ва мавҷи фазояндаи интиқодҳо ба заъф дар бархурд бо ДОИШ ва таъмини амнияти шаҳрвандон, зоҳиран барномаи густарда барои иқдоми зиддӣ аъзои ин гурӯҳ дар вилоятҳо ва шаҳрҳои мухталифро дар пеш гирифтааст.
Дар ҳудуди ду соли гузашта борҳо ҳукумати Толибон ба бе барномагӣ ва заъф дар бархурд бо ДОИШ дар Афғонистон муттаҳам шудааст ва ҳатто бархе маҳофил онро нишонаи нокоромадии Толибон дар таъмини амнияти умуми арзёбӣ кардаанд.
Бар рағми иддао ва бархе иқдомоти ахири Толибон, ҳамчунон сояи иқдомоти терористии ДОИШ дар манотиқи мухталиф, амнияти мардуми Афғонистонро ба мухотира андохтааст. Ин таклиф беш аз гузашта мутаваҷҷеҳи ҳукумати Толибон аст, ки аз ҳама имконот ва тавоноиҳои худ барои муқобила бо ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои ноамн кунандаи ин кишвар истифода кунад то битавонад ба ваъдаи худ барои таъмини амнияти умумӣ ва ба хусус ақалиятҳо дар Афғонистон ҷомаи амал бипушонад.