Ашраф Ғанӣ: Раҳбарони Толибон ба сарватмандтарин афрод табдил шудаанд
Раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон дар паёми иди Фитр ба наҳви бесобиқае ба Толибон тохту гуфт: "Раҳбарони Толибон ба сарватмандтарин афрод дар таърихи ҳаракатҳои ёғӣ мубаддал шудаанд".
Ба нақл аз Би Би Си, Ашраф Ғанӣ рӯзи ҷумъа дар паёми табрикии иди саиди Фитр ба мардуми Афғонистон гуфт: "Дар ҳоле ки фақри умумӣ дар кишвар бедод мекунад, сарвати раҳбарони Толибон ҳамроҳ бо рабудани ғайриқонунии авоиди миллӣ, аз қочоқи аслиҳа ва маводи мухаддир фароҳам мешавад".
Ӯ Толибонро гуруҳе номид, ки "ба номи дини Ислом мардумро ба гаравгон гирифтаанд".
Дар ҳамин ҳол Муҳаммадҳасани Охунд, раиси ҳукумати муваққати Толибон дар паёми табрики иди Фитр Толибонро "як низоми ходими миллат" хонд ва гуфт: Ободӣ, бозсозӣ ва худкифоии кишвар аз авлавиятҳои ҳукумати Толибон аст".
Ашраф Ғанӣ гуфт, вазъияти башарӣ дар Афғонистон рӯ ба вахомат меравад ва танҳо кумакҳои башардӯстона пеши як буҳрони инсониро гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, ки ба муборизаи мусаллаҳона бо Толибон рӯ оварда, дар паёми иди Фитр хитоб ба мардуми Афғонистон гуфт: "Ин вазъияти фалокатбор ба ҳар мизон идома ёбад, ба ҳамон мизон сатҳи машруияти муборизоти озодихоҳонаи мо ва мардуми моро дар баробари ин гуруҳ бештар мекунад".