Омодагии размии пойгоҳҳои Русия дар Тоҷикистону Қирғизистон афзоиш меёбад
(last modified Fri, 28 Apr 2023 15:27:36 GMT )
Апрел 28, 2023 20:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Шойгу аз таҳдиди Амрико ва НАТО барои Осиёи Марказӣ
    Ҳушдори Шойгу аз таҳдиди Амрико ва НАТО барои Осиёи Марказӣ

Вазири дифои Русия гуфт, ин кишвар дар авҷи талошҳои Амрикову муттаҳидонаш барои бозгардондани ҳузури низомии худ дар Осиёи Марказӣ, омодагии размии пойгоҳҳои худ дар Тоҷикистону Қирғизистонро афзоиш медиҳад.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар нишасти имрӯзи вазирони дифои Шанхай дар Деҳлии Нав гуфт: Амрико ва муттаҳидонаш ба баҳонаи кумак дар заминаи мубориза бо терроризм дар талоши бозгардондани ҳузури низомии худ дар Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Вазири дифои Русия идома дод, дархостҳои Амрико аз кишварҳои минтақа барои истиқрори зерсохтҳои низомиро таҳдиди мустақим барои субот дар фазои Созмони Ҳамкории Шанхай медонем.

Вай афзуд: Мо ба навбати худ омодагии размии пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистону Тоҷикистон ва ҳамчунин соири неруҳои посухгӯӣ ба чолишҳои эҳтимолиро афзоиш медиҳем.

Шоигў дар идома ҳамчунин хотирнишон кард, кишварҳои НАТО дар натиҷаи ҳузури бистсолаи худ дар хоки Афғонистон ва пас аз он ақибнишинии сареъ, бештарин масъулиятро дар қиболи авзоъ дар он кишвар бар ӯҳда доранд.