Густариши ҳамкории Қирғизистону Маҷористон дар ҳавзаи энержӣ
(last modified Wed, 03 May 2023 05:00:26 GMT )
Май 03, 2023 10:00 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории Қирғизистону Маҷористон дар ҳавзаи энержӣ

Вазири энержии Қирғизистон бо раиси донишгоҳ ва масъулони Донишгоҳи Обудаи Маҷористон дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Талъатбек Иброҳимов, вазири энержии Қирғизистон бо раиси донишгоҳ ва масъулони Донишгоҳи Обудаи Маҷористон дидор кард.

Тарафайн дар мавриди ҳамкорӣ дар бахши энержӣ, иҷрои пружаҳо, табодули таҷриба, фаъолияти сандӯқи Қирғизистон – Маҷористон ва соири мавзуот гуфтугӯ карданд.

Коршиносони энержии Қирғизистон корҳои дар ҳоли анҷом, пружаҳо, тарҳҳо, мазоёи сармоягузорон ва фурсатҳои тавлиди барқро ба ин ҳайат ироа карданд.

Дар идомаи ин дидор вазорати энержии Қирғизистон ва Донишгоҳи Обуда тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба манзури мушорикату тавсеаи ҳамкориҳои баландмуддат, муассиру мутақобили сӯдманд бо ҳадафи иҷрои пружаҳо дар заминаи энержии электрӣ имзо карданд.