Тасвиби тавофуқномаи гумрукии Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар Қазоқистон
(last modified Mon, 08 May 2023 12:03:11 GMT )
Май 08, 2023 17:03 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби тавофуқномаи гумрукии иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар Қазоқистон
    Тасвиби тавофуқномаи гумрукии иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар Қазоқистон

Сенати Қазоқистон тавофуқномаи Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар мавриди осон намудан дар пардохти ҳуқуқи гумрукиро тасвиб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сенати Қазоқистон тавофуқномаи Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар маврдии осон намудан дар пардохти ҳуқуқи гумрукиро тасвиб кард.

Бар асоси равияи гумруки транзити қонуни ва тасвиби мувофиқатнома иҷрои таъаҳудот ва пардохти ҳуқуқи гумруки, молиёт, аворизи вижа ва зидди домпинг мавриди барраси ва тасвиб қарор гирифт.

Интизор меравад тасвиби ин мувофиқатнома ба рушди имконияти транзити Авруосиё ва беҳбуди шароити ҳамлу нақли коло кумак кунад ин санадро ширкаткунандагон дар фаъолиятҳои иқтисоди хориҷӣ, бархе аз равияҳои гумрукиро сода мекунад.

Ин тавофуқнома дар 19 апрели соли 2022 дар Маскав тавассути раисони Ҷумҳурии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия имзо шуд.