Май 24, 2023 10:33 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди муфтии Қирғизистон бар ҳамкорӣ бо муассисоти динии Миср

Муфтии Қирғизистон бо сафири Миср дар ин кишвар дидор ва бар ҳамкории муассисоти динии ду кишвар таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Замир Ракиев, муфтии Қирғизистон бо Манол Ал Саид Яҳё Ал Шиновӣ, сафири Миср дар ин кишвар дидор кард.

Тарафайн дар мавриди тақвияти ҳамкорӣ байни идораи маънавии мусулмонони Қирғизистон ва муассисоти омӯзишӣ ва фарҳангии мазҳабӣ дар Миср, эҷоди мазоё ва шароити роҳат барои донишомӯзони қирғиз ва беҳбуди омӯзиши рӯҳониюн гуфтугӯ карданд.

Муфтии Қирғизистон аз сафири Миср даъват кард то бо муассисоти омӯзиши олии Миср иртибот барқарор ва барои инъиқоди тавофуқнома дар мавриди ахзи саҳмия барои Қирғизистону табодули таҷрибиёт ба манзури иртиқои маҳоратҳои рӯҳониюни ду кишвар ройзанӣ кунад.

 

Барчасп