Май 27, 2023 19:38 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои иқтисодии Узбекистону Англия

Ҳамкориҳои иқтисодии Узбекистону Англия густариш меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Лазиз Кудратов, вазири сармоягузорӣ, саноат ва тиҷорати Узбекистон ва Тим Рид, мудири омили Ожонси таъмини молии содиротии Англия (UK Export Finance – UKEF) дар шаҳри Тошканд, дидор ва чигунагии таъмиқи ҳамкориҳои иқтисодӣ, бозаргонӣ ва сармоягузорӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор тарафи англис алоқаи худро барои мушорикат дар таъмини молии пружаҳои сармоягузории бузург дар қаламрави Узбекистон барои сохти ҷодаҳо, нерӯгоҳҳои хуршедӣ ва бодӣ, истихроҷу фароварии маводи маъданӣ иброз дошт.

Бар асоси гузориши вазорати сармоягузорӣ, саноат ва тиҷорати Узбекистон, Ожонси таъмини молии содиротии Англия як муассиса давлатӣ аст, ки вазифаи аслии он ҳимояту пешбурди содироти колоҳо ва хадамоти Англия аз тариқи ироаи вом, замонат, бима ва соири анвоъи ҳимоятҳо, аз ҷумла мушовира аст.

Англия истиқлоли Узбекистонро дар 3 декабри 1991 ба расмият шинохт.