Поёни райгирии интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркия ва оғози шумори рай
Райгирии даври дувуми интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркия, ки аз соати 8 субҳи имруз ба вақти маҳали дар 1094 ҳавзаи интихоботи 81 вилояти ин кишвар оғоз шуда буд баробари қонуни интихобот ва пас аз ахзи райи мардум ва бедуни тамдид соати 17 ба вақти маҳалли поён ёфт.
Мардуми Туркия имруз барои интихоби Реҷеп Тайип Эрдоган номзади эътилофи ҷумҳури ва ё Камол Қиличдор Уғулу номзади мавриди ҳимояти эътилофи миллат мавсум ба аҳзоби мизи шашгона ба унвони ду рақиби сездаҳумин даври интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар пойи сандуқҳои рай рафтанд.
Дар даври аввали интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркия, ки дар рузи 14 май соли 2023 баргузор шуд ҳеҷкадом аз се номзад натавонистанд ҳадди нисоби 50 дарсад ба изофаи якро касб кунанд ва ба ҳамин иллат Эрдоган ва Қличдор Уғулу ба даври дувуми ин рақобати интихоботи роҳ ёфтанд.
Бар асоси натоиҷи шумориши рай даври нахуст Эрдоган бо касби беш аз 27 миллиону 88 ҳазор рай муъодили 49.5 дарсад рай ва Камол Қличдор Уғулу бо касби беш аз 24 миллиону 568 ҳазоррай муъодили 44.98 дарсад ба даври дувум роҳ ёфтанд ва Синон Уғулу номзади севвуми иин рақобат низ ҳудуди 2 миллиону 829 ҳазор рай муъодили 5.17 дарсад райи ин рақобатро касб кард.
Ба гузориши ИРНА баробари интихоботи Туркия билофосила баъд аз поёни райгири шуморои райҳои сандуқҳои рай тавассути авомили иҷрои интихобот ва бо назорати намояндагони аҳзоби роҳёфта ба парлумони ин кишвар низ аҳзби эътилофи ҳомии ду номзади ҳозир дар ин рақоб дар маҳали шуъбаи ахзи рай оғоз шуд.