Гуфтугӯи мақомоти Узбекистону Покистон дар бораи сохти роҳи оҳан дар Афғонистон
(last modified Sat, 03 Jun 2023 07:12:04 GMT )
Июн 03, 2023 12:12 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи мақомоти Узбекистону Покистон дар бораи сохти роҳи оҳан дар Афғонистон

Намояндаи вижаи раиси ҷумҳӯри Узбекистон дар умӯри Афғонистону сафири Покистон дар Тошканд дар бораи ҳамлу нақли рейлӣ аз масири Афғонистон гуфтугӯ карданд .

Нақшаи роҳи сохти хати оҳани Узбекистон - Афғонистон - Покистон январи 2021 дар Тошканд тавассути мақомҳои вақти се кишвар имзо шуд. Аммо вазъияти Афғонистон пас аз ба қудрат расидани Толибон дар августи ҳамин сол раванди сохти ин хати оҳанро дар хоки ин кишвар мутаваққиф кард . Аммо давлати муваққати Толибон бо ҳадафи густариши таъомулоти Афғонистон бо дигар кишварҳо бар азсаргирии сохти ин хати оҳан пофишорӣ мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Исматуллоҳ Эргашев-намояндаи вижаи раиси ҷумҳӯри Узбекистон дар умӯри Афғонистон ва Аҳмади Форуқ-сафири Покистон дар Тошканд дар бораи пружаҳои ҳамлу нақл аз масири Афғонистон ва сохти роҳи оҳани « Тирмиз - Мазори шариф - Кобул - Пешовар » гуфтугӯ карданд .
Вазорати хориҷаи Узбекистон бо судури баёнияе эълом кард сафири Покистон дар ин дидор мушорикати Тошканд дар пружаҳои минтақаиро муҳим унвон кард .
Толибон пас аз касби қудрат дар Афғонистон дар бораи ин пружа бо мақомоти Узбекистон гуфтугӯ кардааст .