Ҷузъиёти нав аз боздошти муттаҳамон ба анҷоми табаддулот дар Қирғизистон
Ҷузъиёти наве дар бораи афроде, ки дар Қирғизистони қасди созмондиҳии шӯришҳои дастаҷамъӣ ва нофармонии умумӣ доштанд, то ба зӯр қудратро ба даст бигиранд ,мунташир шуд .
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегуяд дар ростои таъмини амнияти кишвар ва ҳифозат аз назму Қонӯни асосӣ фаъолиятҳои ғайриқонӯнии гуруҳе аз афродро, ки дар ҳоли анҷоми тадорукоти зеризаминӣ барои баргузории тазоҳуроту шӯришҳои густарда дар Қирғизистон ва ба дунболи он тасарруфи хушунатомези қудрат буданд, шиносоӣ ва саркуб кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси иттилооти дарёфтӣ ва маводи савтӣ ва тасвирии ҷамъоваришуда парвандаҳои ҷиноӣ ташкил шуд, ки дар чорчуби он маҷмӯъае аз иқдомоти вижаи таҳқиқотӣ бо таъйиди додгоҳи Қирғизистон анҷом шуд .
Ин гуруҳ ки дар тӯли сол иқдомоти ҳадафмандеро барои ҷазби ҳомиён ба суфӯфи худ ва ҷазби норозитарин шаҳрвандон дар саросари Қирғизистон анҷом дода акнун мушаххас шуда ки раиси яке аз аҳзоби фаъоли маданӣ созмондиҳандаи аслӣ ва илҳомбахши ғоявии он будааст.
Ин гуруҳи созмондиҳишуда беш аз 100 нафар аз қишрҳои мухталифи ҷомеъа ва манотиқи мухталифи Қирғизистонро шомил мешуд ва ҳамчунин иттилооте вуҷуд дорад мабнӣ бар инки дар ояндаи наздик интизор меравад барои таъмини молии созмонӣ ва пардохт подош ба кормандони калидӣ маблағи қобили таваҷҷӯҳе аз манобеи хориҷӣ дарёфт шавад .
Панҷуми июни 2023 Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон беш аз 30 ширкаткунанда ва низ Нурматова ва дастёрони аслии вайро дастгир карда, ки ба иқдом алайҳи ҳукӯмати феълӣ эътироф кардаанд .
Дар ҳоли ҳозир тадобири вижаи таҳқиқотӣ барои мушаххас шудани дигар шароити парванда ва афроди муртабит идома дорад .