Даргирии низоми миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон
Вазорати дифоъи Ҷумҳӯрии Озарбойҷон бори дигар Арманистонро ба таҳрикоти ғайри қонуни ва тирандозӣ ба мавзеъи нерӯҳои ин кишвар муттаҳам кард.
Ба гузориши Садои Хуросон, дар ҳоле, ки Боку ва Ирвон аз эҳтимоли дастёбӣ ба сулҳ дар ояндаи наздик хабар медиҳанд Вазорати дифоъи Ҷумҳӯрии Озарбойҷон шаби гузашта аз тирандозии муҷаддади нерӯҳои Арманистон ба мавозеъи ин кишвар ва посӯхи Боку ба тарафи муқобил хабар дод.
Вазорати дивоъи Ҷумҳӯрии Озарбойҷон муддаӣ шудааст рӯзи гузашта, низомиёни Арманисот ба мавозеъи нерӯҳои ин кишвар дар макони истиқрори мувақати нерӯҳои ҳофизи сулҳи рус шилик карданд.
Ин дар ҳоле аст, ки муовини Вазорати дифоъи Арманистон баъд аз зуҳри дирӯз чаҳоршанбе эълом кард, оромиши нисбатан пойдоре дар манотиқи марзии ин кишвар бо Ҷумиҳӯрии Озарбойҷон ҳоким аст.
Пас аз ҷанги 44 рӯза миёни Арманистон ва Ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар минтақаи Қарабоғ дар соли 2020 дукишвар бо миёнҷигарии Русия тавофуқи оташбас имзо карданд. Бо вуҷҷӯди имзои тавофуқномаи оташбас, таниш, ҳамчунон бар равобити дукишвар ҳоким буда ва тарафайн борҳо якдигарро ба тақзи оташбас муттаҳам мекунанд.