Иҷрои даҳҳо пружаи ҳамкорӣ байни Қазоқистону Русия
(last modified Fri, 09 Jun 2023 13:12:48 GMT )
Июн 09, 2023 18:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Қазоқистону Русия
    Ҳамкории Қазоқистону Русия

Нахуствазири Қазоқистон дар дидор бо нахуствазири Русия, аз иҷрои беш аз 100 пружаи ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Алихон Исмоилов, нахуствазири Қазоқистон имрӯз дар дидор бо Михаил Мишустин, нахуствазири Русия гуфт: Остона ва Маскав беш аз 100 пружаи муштарак ба арзиши беш аз 22 миллиард долларро иҷро мекунанд.

Хадамоти матбуотии давлати Қазоқистон афзуд, ин дидор дар чаҳорчӯби нишасти Шӯрои байнидавлатии АвруОсиё дар Сочи анҷом шудааст.

Мишустин низ ҳамкорӣ бо Қазоқистонро барои Маскав муҳим тавсиф карду афзуд: Ман метавонам бигӯям, равобит бо ин кишвар барои Русия як авлавияти мутлақ аст.