Дидори вазири хориҷаи Туркманистон бо мудири дафтари мушовараии Созмони милал
(last modified Wed, 21 Jun 2023 05:17:44 GMT )
Июн 21, 2023 10:17 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири хориҷаи Туркманистон бо мудири дафтари мушовараии Созмони милал

Дар дидори вазири умури хориҷаи Туркманистон ва мудири дафтари мушовараии Созмони милал вазъияти кунунӣ ва дурнамои тавсеаи бештар равобити байни ду тараф баррасӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Рашид Мурдов, вазири умури хориҷаи Туркманистон ва Фрай фон Гроте, мудири дафтари мушовараии Созмони Милали муттаҳид дидору гуфтугу карданд.

Дар ин дидор вазъияти кунӯнӣ ва чашмандози тавсеаи бештари ҳамкории Туркманистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Таъкид шуд, ки дафтари мушовараии Созмони Милали Муттаҳид дар чорчӯби вазоифи худ дар ҳоли иҷрои корҳои муштарак бо давлати Туркманистону системаи Созмони милал дар ҷиҳати иртиқои короии фаъолиятҳо дар заминаи хадамотрасонӣ ба пружаҳои байналмилалӣ аст.

Вазири хориҷаи Туркманистон дар ин росто, ба нақши дафтари мушовараии Созмони милал дар кумак ба давлати Туркманистон барои тасреъ дар иҷрои барномаҳо ва пружаҳо дар чорчӯби иҷрои аҳдофи тавсеаи миллӣ ва шиносоии заминаҳои ҳамкорӣ ишора кард.