Июл 08, 2023 17:33 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди баргузории рузҳои фарҳангии байни Эрон ва Қирғизистон
    Пешниҳоди баргузории рузҳои фарҳангии байни Эрон ва Қирғизистон

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон дар дидори сафири нави Ҷумҳурии Исломии Эрон дар он кишвар баргузории рузҳои фарҳангӣ, ҳамоишҳои илмӣ, намоишгоҳҳои таърихи ва фарҳангӣ, ҷашнвораҳо ва ҳамчунин густариши иртиботи мустақим байни ҷавомеъи илмии ду кишварро хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Садир Ҷаборов раиси Ҷумҳурии Қирғизистон дар дидори Ғуломҳусени Ёдгори сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар он кишвар бо дарёфти устуворномаи сафири Эрон дар Бишкек барои у дар фаъолиятҳои дипломоти орузи мувафақият кард.

Ҷаборов бо баёни ин ки равобити Қирғизистон ва Эрон бар асоси дусти ва эътимод дар ҳоли рушд аст аз тақвияти гуфтугуҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои мавриди алоқаи тарафайн истиқбол кард.

Сафири нави Эрон дар Бишкек низ бо қадрдони аз ҳимояти Қирғизистон барои узвияти комил дар СҲШ омодагии Эрон барои иртиқои мушорикат бо Қирғизистонро эълом кард.