Шавкат Мирзиёев шахсан алоқаманди беҳбуди равобит бо Тоҷикистон аст
(last modified Sun, 25 Dec 2016 05:38:58 GMT )
Декабр 25, 2016 10:38 Asia/Dushanbe
  • Шавкат Мирзиёев шахсан алоқаманди беҳбуди равобит бо Тоҷикистон аст

Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки шахси Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури ҷадиди Узбакистон алоқаманди беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Тоҷикистон мебошад.

Ба гузориши сойти Спутник, Александр Шутсов таъкид кардааст, ки бо оғози фаъолияти ҳукумати ҷадиди Узбакистон, акнун талошҳо барои беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Тоҷикистон қобили мушоҳида мебошад.

Зеро барои бори нахуст, тайи 20 соли ахир давлати Тошканд дар қиболи бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш ва оғози сохти сади 335 метрии нерӯгоҳи

барқӣ обии Роғун дар Тоҷикистон мухолифат накард. Дар ҳоле, ки Ислом Каримов, раисиҷумҳури собиқи Узбакистон дар соли 2012 таҳдид карда буд, ки то зинда аст нахоҳад гузошт, ки нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун дар Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ бирасад. Аммо имрӯз бо сафари ҳайатҳои сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон ба кишварҳои якдигар ба тадриҷ аз ихтилофоти қабл, миёни Тошканд ва Душанбе коста мешавад.

Вай гуфтааст, ки бо сафари рӯзи 26 декабри ҳайати давлати Узбакистон ба Душанбе, ба раёсати Рустам Азимов, муовини нахуствазири Узбакистон ва музокироти дуҷониба, гомҳои амалӣ дар роҳи осон шудани судури раводид барои шаҳрвандони ин ду кишвар дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Тошканд, аз саргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ пас аз 25 сол, осонии рафту омади шаҳрвандон дар манотиқи марзӣ ва баргузории намоишгоҳои санъатӣ ва рӯзҳои фарҳангии Узбакистон ва Тоҷикистон бардошта хоҳад шуд.