Июл 10, 2023 12:42 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон ва Амрико тафоҳумномаи ҳамкори имзо карданд
    Қирғизистон ва Амрико тафоҳумномаи ҳамкори имзо карданд

Ожонси сармоягузории миллӣ Қирғизстон ва анҷумани қирғиз-амрикоии рушди хадамоти ҳамулнақл тафоҳумномаи ҳамкори имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин тафоҳумнома ҳамчунин барои эҷоди як маркази бурунсупории ҳамлунақли Осиёи Марказӣ, идғоми ширкатҳои ҳамлунақл барои рушди бурунсупори ва эҷоди машоғили ҷадид имзо шуд.

Барномарези шуд то бо Узбакистон ва Қирғизистон табодули таҷруба шавад ва омузиши шаҳрвандони қирғизистонӣ ва беҳбуди маҳоратҳои эъзомкунандагон дар дастури кор қарор гирад ин амр як фазои рақобати барои вуруд ба бозори Амрико эҷод мекунад.

Бар асоси тафоҳумномаи давраҳои омузиши ва машоғили ҷадид дар минтақаҳо баргузор хоҳад шуд, ки дар он коршиносон аз Амирико ҷазб мешаванд барои ширкатҳои бурунсупории ҷадид мушовира ва дафтарҳои пуштибони дар қаламрави Қирғизистон ифтитоҳ шавад.

Анҷумани Қирғизистон-амрикоӣ дар тобистони соли 2022 таъсис шуд то ширкатҳо ва мутахасисонеро ки ба дунболи беҳбуди маҳоратҳои худ ҳастанд бо иштирок гузоштани дониш ва таҷруба барои иртиқои рақобатпазирии ширкатҳои дохили гирди ҳам оварад.

Барчасп