Шавкат Мирзиёев даври нави раёсати ҷумҳурии худро расман оғоз кард
Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳурии Узбекистон дар иҷлоси муштараки маҷлисҳои олӣ ва Сенати ин кишвар ба унвони раиси ҷумҳӯри савганд ёд карда ва даври нави раёсати ҷумҳурии худро расман оғоз кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин маросим Зайниддин Низомхоҷаев-раиси Ситоди марказии интихоботи Узбекистон бар баргузории шаффофу ошкори интихоботи зӯдҳангоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар таъкид кард ва гуфт : Мирзиёев дар интихоботе, ки рӯзи 9 июл баргузор шуд, бо касби 87. 05 дарсади оро ( 13 миллиону 625 ҳазору 55 оро ) пирӯзи ин давра аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Узбекистон шуд.
Дар ин давра аз интихоботи раёсати Ҷумҳурии Узбекистон, Абдушакур Ҳамзаев аз ҳизби аграрӣ 3.74 дарсад, Робахон Маҳмудова аз ҳизби Сотсиал-демократии « Адолат » 4.43 дарсад ва Улуғбек Иноятов аз ҳизби Халқӣ-демократӣ 4 .2 дарсади ороро ба даст овараданд.
Дар идомаи ин маросим, Шавкат Мирзиёев рӯйи Қонуни Асосӣ ва Қуръони карим даст гузошт ва савганд ёд кард, ки хидматгузори мардуми Узбекистон бошад ва аз Қонуни Асосӣ ва қонунҳои ҷумҳурӣ пайравӣ ва ҳуқуқу озодии шаҳрвандонро тазмин ва вазоифи раёсати ҷумҳуриро аз самими қалб иҷро кунад.
Пас аз он раиси Ситоди марказии интихоботи Узбекистон ба Шавкат Мирзиёев гувоҳиномаи раёсати ҷумҳуриро тақдим кард .
Бештар бихонед :