Барномаи Узбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон барои афзоиши мубодилоти бозаргонӣ
Дар давоздаҳумин нишасти Комиссиюни муштараки Узбекистону Озарбойҷон эълом шуд ду кишвар барои афзоиши мубодилоти бозаргонӣ то як миллиард доллар дар солҳои наздик аз тавонмандиҳои кофӣ бархурдор ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин нишаст бар муваффақият дар иҷрои амалии тавофуқоти ба даст омада таъкид шуд . Аз ҷумла дар моҳи феврали соли ҷории милодӣ дар шаҳри Тошканд нахустин нишасти манотиқи Узбекистону Озарбойҷон ва сеюмин нишасти Шӯрои бозаргонӣ баргузор шуд, ки заминаро барои тавсеаи равобити мустақими байни маҳофили тиҷорӣ ва густариши беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷониба эҷод кард.
Дар соли 2022 ҳаҷми мубодилоти тиҷории байни ду кишвар 1.5 баробар ва аз ибтидои соли ҷории милодӣ 16 дарсад афзоиш доштааст. Аз ҷумла содироти маҳсӯлоти нассоҷӣ ба Озарбойҷон 2.6 баробар, таҷҳизоти механикӣ 19.7 дарсад,шиша ва фаровардаҳои шишаӣ 76 дарсад афзоиш ёфтааст.
Мубодилоти бозаргонии Узбекистону Озарбойҷон дар соли 2022 ҳудуди 181 миллиону 800 ҳазор доллар будааст.