Июл 24, 2023 09:38 Asia/Dushanbe
  • Пажвок талошҳои Узбакистонро барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон бисёр арзишманд хонд
    Пажвок талошҳои Узбакистонро барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон бисёр арзишманд хонд

Намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон дар умури Афғонистон бо ҳамоҳангкунандаи аршади пружаи муассисаи сулҳи Амрико (USIP) авзои Афғонистонро баррасӣ карданд.

Исматуллоҳ Эргашев, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон дар умури Афғонистон ва Бармаки Пажвок, ҳамоҳангкунандаи аршади пружаи муассисаи сулҳи Амрико (USIP) ва Маттео Паркс, афсари аршад авзои Афғонистонро баррасӣ карданд.

Пажвок талошҳои Узбакистонро дар танзими мавқеияти минтақаии ҳамоҳанг дар Афғонистон, барқарории сулҳу суботи баландмуддат дар ин кишвар ва ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон бисёр арзишманд хонд.

Ҳамчунин барои иҷрои ибтикороти мақомоти Узбакистон барои эҷоди як гуруҳи байналмилалии музокиракунанда, зери назари Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард.

 

Барчасп