Июл 25, 2023 16:19 Asia/Dushanbe
  • дар Узбакистон беш аз 961 ширкат бо сармоягузории Русия фаъолият мекунанд
    дар Узбакистон беш аз 961 ширкат бо сармоягузории Русия фаъолият мекунанд

Раисони ҷумҳурии Узбакистону Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бо якдигар, бар густариши беш аз пеши ҳамкорӣ дар заминаи иқтисодиву бозаргонӣ таъкид карданд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бо якдигар, густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодиву бозаргонӣ ва сармоягузорӣ, ҳифзи мубодилоти бозаргонӣ ва пешбурди тарҳҳои муҳими ҳамёри (таовун)-и санъатӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Руасои ҷумҳурии Русия ва Узбакистон зимни табодули назар дар бораи масоили рӯзи минтақаву ҷаҳон, бар аҳамияти равобити пурсамару табодулот дар сатҳи байниминтақаӣ таъкид карданд.

Русия яке аз бузургтарин ҳамкорони иқтисодиву бозаргонии Узбакистон аст. Мубодилоти бозаргонии ин ду кишвар дар соли 2022 мелодӣ дар сатҳи ҳашт миллиарду 500 миллион доллар қарор гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон беш аз 961 воҳид ширкати муштарак бо сармоягузории Русия фаъолият мекунанд.

 

Барчасп