Ҳимояти Қазоқистон аз қатъномаи СММ дар маҳкумияти тавҳин ба адён
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i105566-Ҳимояти_Қазоқистон_аз_қатъномаи_СММ_дар_маҳкумияти_тавҳин_ба_адён
Қазоқистон аз Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар маҳкумияти иқдомоти хушунатомез алайҳи боварҳои диниву мазҳабӣ ҳимоят кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 29, 2023 13:59 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти иҳонат ба Қуръон аз сӯи Қазоқистон
    Маҳкумияти иҳонат ба Қуръон аз сӯи Қазоқистон

Қазоқистон аз Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар маҳкумияти иқдомоти хушунатомез алайҳи боварҳои диниву мазҳабӣ ҳимоят кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Қазоқистон аз Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар он ҳар гуна иқдомоти хушунатомез алайҳи мардум бар асоси мазҳаб ё эътиқодоти онҳо маҳкум мешавад, ҳимоят кард.

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон эълом кард, СММ дар пайи чандин мавриди сӯзонидану беэҳтиромӣ ба Қуръони Карим дар кишварҳои аврупоӣ тасмим гирифт, ки тавҳин ба намодҳои адён ва кутуби муқаддасро маҳкум ва дар матни қатъномае ворид кунад.

Ин қатънома бо ҳамроҳии Қазоқистон ва 47 узви СММ табйин шудааст.