Таъкиди Мирзиёев бар аҳамияти каридори Эрон - Туркманистон - Узбекистон
(last modified Sat, 05 Aug 2023 15:02:35 GMT )
Август 05, 2023 20:02 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Мирзиёев бар аҳамияти каридори Эрон - Туркманистон - Узбекистон

Мирзиёев бар нақши муҳимми каридори Эрон - Туркманистон - Узбекистон дар тавсеаи минтақа таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар нишасти сеҷонибаи руасои ҷумҳури Тоҷикистон, Узбекистону Туркманистон дар Ашқобод бар густариши ҳамкориҳои мутақобилан сӯдманд дар заминаҳои истифода аз манобеи об, тавсеаи бахши энержӣ ва афзоиши потансиали ҳамлу нақлу луҷустики мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раисиҷумҳури Узбекистон дар ин нишаст аз аҳаммияти каридори Эрон - Туркманистон - Узбекистон суҳбат кард.

Туркманистон, Эрон, Узбекистону Қазоқистон яксоли пеш, (авохир августи 2022) дар дувумин нишасти Шӯрои ҳамоҳангии кишварҳои ширкаткунанда дар Туркманистон, протоколи илҳоқии ниҳоӣ ва мувофиқатномаи эҷоди каридори ҳамлу нақлу транзитии байналмилалӣ (мувофиқатномаи Ашқобод)-ро имзо карданд.

Мирзиёев дар нишасти сеҷониба гуфт, тавсеаи каридори «Узбекистон - Туркманистон - Эрон» ва истифода аз ин масир, дар минтақаи дарёчаи Хазар имкони афзоиши ҷаззобияти Осиёи Марказӣ ба унвони маркази транзитии каридорҳои байналмилалии «Шарқ - Ғарб» ва «Шимол - Ҷануб»-ро фароҳам мекунад.