Бозтоби баёноти раҳбарӣ дар бораи нақши Покистон дар Фаластин
Порс-Тудей. Баёноти Раҳбари инқилоби исломӣ дар бораи аҳамияти нақши Покистон дар масъалаи Фаластин, ки дар дидори нахуствазири Покистон дар Теҳрон матраҳ шуд, бозтоби густардае дар расонаҳои навишториву электронии Покистон доштааст.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон дар сафари расмии худ ба Теҳрон бо оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ дидор кард. Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин дидор бо ситоиш аз мавозеи усулии Покистон дар ҳимоят аз Фаластин, бар лузуми иттиҳод миёни кишварҳои мусалмон дар муқобила бо режими саҳюнистӣ таъкид карданд ва нақши Покистонро дар ин замина барҷаста донистанд.
Ин дидор бозтоби густардае дар расонаҳои покистонӣ дошт, ки ҳар кадом бо тамаркуз бар ҷанбае мутафовит аз суханони раҳбарӣ, аҳамияти онро барои афкори умумӣ ва равобити дуҷониба барҷаста карданд.
Дар ин росто, шабакаи хабарии «Ҷи Ю ТВ» бо тамаркуз бар нақши таърихиву ахлоқии Покистон дар дифоъ аз Фаластин, гузориш дод: Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ мавзеи Покистон дар қиболи Фаластинро қобили ситоиш хонданд ва таъкид карданд, ки бар хилофи бархе кишварҳои исломӣ, ки ба тамаъи имтиёзот, бо режими саҳюнистӣ робита барқарор кардаанд, Покистон ҳаргиз таслими чунин васвасаҳое нашудааст. /Хабаргузории садо ва симо