Амрико : Музокирот бо Эрон ҳамчунон созандааст
Порстудей - Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Амрико шомогоҳи сешанбе ба вақти маҳаллӣ эълом кард, ки музокироти ғайримустақим миёни Иёлоти муттаҳида ва Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунон созандааст.
Теми Бурус , сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико ба хабарнигорон дар бораи даври панҷуми музокироти ғайримустақим миёни Эрону Амрико бо таъкиди бар инки музокирот ҳамчунон созандааст ва мо пешрафт бештаре доштем , гуфт : Тарафҳо тавофуқ кардаанд, ки дар ояндаи наздик дубора бо якдигар дидор кунанд . Даври панҷуми музокироти ғайримустақими Саидаббоси Ироқчӣ-вазири хориҷаи Эрон ва Стив Уэткоф-намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Амрико дар музокирот , рӯзи ҷумъа дувуми хурдод ( 23 май ) дар шаҳри Рими Италия баргузор шуд.