Тамдиди таълиқи парвозҳои хутути ҳавоӣ Туркманистон ба Маскав то поёни октиябр
(last modified Sun, 06 Aug 2023 06:33:03 GMT )
Август 06, 2023 11:33 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди таълиқи парвозҳои хутути ҳавоӣ Туркманистон ба Маскав то поёни октиябр
    Тамдиди таълиқи парвозҳои хутути ҳавоӣ Туркманистон ба Маскав то поёни октиябр

Ширкати хутути ҳавоӣ Туркманистон шанбешаб таъкид кард, ки таълиқи парвозҳои худ ба Маскавро ҳадиақал то поёни моҳи октиябр тамдид хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ширкати хати ҳавоӣ Туркманистон дар пайи баста шудани мувақати чандин фурудгоҳ дар пойтахти Русия ба далели ҳамалоти ҳавоӣ бедунисарнишин масоили эминиро далели худ барои иттихози ин тасмим унвон карда аст.

Хадамоти парвоз дар фурудгоҳи байналмилалии Внуков ба унвони яке аз ҳашт фурудгоҳи шаҳри Маскав якшанбеи гузашта дар пайи ҳамлаи паҳподии ба Маскав барои соати мутавақиф шуд.

Ин таълиқ ки барои аввалин бор дар рузи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта эълом шуд қарор буд то 22 август ба поён бирасад.