Авомили ҷазби ҷавонони тоҷик ба гурӯҳи террористии ДИИШ
Коршиноси руси масоили Осиёи марказӣ мегӯяд, бо заработи сангини артиши Сурия ва муттаҳидонаш ба гурӯҳи террористии ДИИШ, аъзои тоҷикистонии ин гурӯҳ ба тадриҷ тасмим мегиранд ба кишваршон бозгарданд.
Ба гузориши сайти “Спутник”, Никита Миндкович, коршиноси Шӯрои равобити хориҷии Русия бо таъкид бар аҳамияти шинохти илали гароиши ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳи такфирӣ гуфт, баррасии зиндагиномаи тоҷиконе, ки дар Сурия дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳоли ҷанг ҳастанд, нишон медиҳад, ки бекорӣ, мушкилоти хонаводагӣ ва ҳолоти равонӣ аз авомили ҷазби ин афрод ба ин гурӯҳи террористӣ будааст.
Ин коршиноси рус афзуд, дар бархе маворид ҷавононе, ки пас аз донишомӯзӣ аз донишгоҳҳо натавонистаанд дар Тоҷикистон кори муносибе пайдо кунанд, таҳти таъсири таблиғоти ДИИШ ба Сурия рафтаанд.
Миндкович дар айни ҳол таъкид кардааст, ки ҳеҷ мавриде суроғ надорад, ки фарде ба хотири надоштани нони шаб ба ДИИШ пайваста бошад.
Вай афзуд, аз сӯйи дигар теъдоде аз ин афрод аз манзари ақидатӣ ба ин гурӯҳ пайваста ва дар пайи он будаанд, ки ба истилоҳ давлати исломии мавриди назар худро дар Сурия ва Ироқ поягузорӣ кунанд.
Ин коршиноси рус таъкид кард, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ беҳтар аст ба ҷойи зиндонӣ кардани ин афрод ба думболи решаёбии илали гароиши ҷавонони ин минтақа ба гурӯҳҳои террористие назири ДИИШ бошанд.