Таҳлил: Шикасти ишғолгарони амрикоӣ дар Афғонистон
Ҳукумати Толибони Афғонистон, талоши ишғолгаронро дар ин кишвар, маҳкум ба шикаст донист.
Толибони Афғонист дар баёнияе ба муносибати дуввумин солгарди поёни ишғолгарии Амрико эълом кард, ҳамаи талошҳои ишғолгарон маҳкум ба шикаст аситва ҳеҷ нерӯи мутаҷовиз ба зури аслиҳа ва тавтиа наметавонад иродаи миллати муҷоҳиди Афғонисторо бишиканад.
Муқобила бо мутаҷовиз дар Афғонситон мавзӯъи ҷадиде нест, ки Толибон бихоҳад онро ба нафъи худ мусодира намояд. Мардуми Афғонистон собиқаи шикаст ва ихроҷи се абарқудрати замон дар қарни 19 ва 20 ва 21-ро дар таърихи ифтихороти худ сабт кардаааст. Ин бадон маъно аст, ки мардуми Афғонистон зиддӣ бегона ҳастанд ва ҳаргиз иҷоза намедиҳанд душман бар онон ғалаба кунанд.
"Амин Фарҷом" коршиноси масоили Афғонистон дар ин бораи мегӯянд: "Агар бегонагон ба хоки Афғонистон ҳамвора тамаъ карда ва ин кишварро ишғол кардаанд аммо ҳеҷгоҳ натонистаан ба муддати зиёде Афғонисторо дар ишғоли худ нигаҳ доранд балки пас аз муддате бо созмондеҳи ва ваҳдати муваффақ ба фарори додани ишғолгарон аз сарзамини худ шудаанд"
Ба ҳамин далел низ Толибон дар баёнияи худ эълом кард, фатҳи Кобул бори дигар собит кард, ки ҳеҷ кас наметавонад ба воситаи қудрати бегонагон, миллати пурифтихор ва муҷоҳиди Афғонистонро тобеъ ва бақои худро тазмин кунад. Ин мавзӯъи воқеъи мутаъссир аз фарҳангу тамаддуну дини мардуми Афғонистон аст.
Инглис, артиши сурхи Шуравӣ ва ахиран Амрико мутаҷовизоне буданд, ки Афғонистонро ишғол карданд дар ҳоле, ки ҳеҷ шинохте аз фарҳанги динӣ ва суннати мардуми Афғонистон надоштанд ва тасавури онҳо ин буд, ки метавонанд бо ин кишвар монанди мустаъмара бархурд кунанд дар ҳоле, ки Афғонистон маҳди бузурги мардоне монанди Аҳмадшоҳи Масъуд аст, ки ҳамчунон ҷавонони ин кишвар дар муқобила бо истеъмор ва ишғолгар аз он улгу мегиранд.
Саид Исо Ҳусайни Мазорӣ коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд: Афғонистон агар чӣ кишвари фақири аст аммо ин ба маънои тан додан ба зилати ишғол набуда ва нест. Мардуми ин кишвар нишон додаан, ки марди рӯзҳои сахт ҳастанд ва дар шароити буҳронӣ ва душвор бисёр тавонистанд бо иттиҳод ва ҳамдилӣ корҳои бисёр бузурги анҷом диҳанд.
Дар ҳар ҳол рӯзи сешанбе (15 август) ба муносибати поёни ишғолгарии Афғонистон, дар ин кишвар таътили расмӣ ва саросари эълом шуд ва ҷашнҳои мухталифе ба ҳамин муносибат баргузор шуд. Аммо ончӣ бештар сабаби таъаҷум ва дар айни ҳол нигаронии мардуми Афғонистон аст ин, ки сарони ақвом дар Афғонистон чаро дар замони сулҳ ва оромиш наметавонанд дар канори ҳам бо ҳамбастагӣ барномаи тавсиаи Афғонистонро ба пеш бибаранд.
Ин бадон маъно аст, ки чаро афғонҳо дар баробари мутаҷовизи хориҷӣ метавонанд муттаҳид шаванд дар баробари онҳо истодагӣ ва ихроҷ кунанд аммо дар шароити пас аз ишғол ин интиқод ба раҳбарони Афғонистон ворид аст, ки давраи сахтиро фаромӯш мекунанд ва барои касби бартари дар қудрат бар рӯйи ҳам силоҳ мекашанд ва Афғонистонро муҷаддадан вориди як ҷанг ва бӯҳрони дохилӣ мекунанд. Бинобарин бояд гуфт инҳисоргарӣ дар қудрат бузургтарин уфти сиёсӣ дар Афғонистон аст, ки ҳар ҷиноҳи сиёсиро дар Афғонистон дар ихтиёр дошта бошад, ки бо бурузи ҷанги дохилии муҷаддад фурсате барои мудохилаи хориҷӣ фароҳам мешавад, ки паёмади он ишғоли муҷаддади Афғонистон аст.
Бинобарин рӯзи фарори Амрико аз Афғонистон бояд дарс ва оинаи ибрат барои инҳисоргароён дар ҳамаи умур бошад, ки ҳамбастагӣ ва иттиҳод метавонад кишварашонро бисозанд ва обод ва озод ба насли оянда таҳвил диҳанд.