Август 20, 2023 13:38 Asia/Dushanbe
  • Имзои пратаколи ҳамкориҳои Қирғизистон ва Узбакистон
    Имзои пратаколи ҳамкориҳои Қирғизистон ва Узбакистон

Даҳумин нишасти комисяи муштараки ҳамкориҳои дуҷонибаи Узбакистон ва Қирғизистон бо имзои як пратакол ба поён расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс бар асоси ин пратакол қарор аст ду тараф 95-умин солгарди нависандаи барҷасата Чингиз Ойтматовро ноябри соли ҷорӣ дар Узбакистон ҷашн бигиранд.

Ин нишаст бо раёсати Оқилбек Ҷаборов нахуствазири Қирғизистон ва Абдуллоҳ Орифов нахуствазири Узбакистон дар Бишкек ва бар таъмиқи равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардустона таъкид шуд.

Ҷаборов бо ишора ба густариши равобити Қирғизистон ва Узбакистон эълом кард дар нимаи аввали соли 2023 беш аз 50 дидори мутақобил дар сутуҳи мухталиф анҷом шуда аст ин сафарҳо равобити ду кишварро роҳбурди карда аст.

Ба гуфтаи нахуствазири Қирғизистон имсол арзиши тиҷорати Қирғизистон ва Узбакистон 13.3 дарсад афзоиш ба 215.8 миллион доллар расид.

Чанд руз қабл ҳам нахуствазири Узбакистон ва Садир Ҷаборов раиси Ҷумҳурии Қирғизистон дар Бишкек пойтахти ин кишвар дидор карда буданд.

Барчасп