Август 26, 2023 18:34 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Узбекистон ва Ветнам бар сари иктишофоти заминшиносӣ

Мақомоти аршади Узбекистону Ветнам, дар дидоре пружаҳои сармоягузорӣ барои иктишофи маёдини нафту газ дар Узбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ин аввалин таҷрибаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои узбекистонӣ ва ветнамӣ нест. Дар соли 2010 , ширкати «Ӯзбекнафтгаз» бо «PVEP» барои иктишоф дар блоки сармоягузории «Косор» ва дар соли 2015 дар блоки «Молобор» низ қарордод имзо карда буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс аз Бишкек, Ожонси ислоҳоти стротежии зери назари раисиҷумҳури Узбекистон рӯзи шанбе эълом кард, давлати ин кишвар бо Нагуин Тин Боу, муовини ширкати давлатии Ветнам «Petrovietnam Exploration & Production Corporation» дар бораи пружаҳои сармоягузорӣ барои иктишофи маёдини нафту газ дар Узбекистон дидору гуфтугу карданд.