Норизоятии Қазоқистон аз ҳузур наёфтан дар ҳайати мудираи Ожонси энержии атомӣ
Қазоқистон ба унвони яке аз бузургтарин кишварҳои тавлидкунандаи уран дар ҷаҳон, аз ҳузур наёфтан дар ҳайати мудираи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ибрози норизоятӣ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Айбек Смадияров, намояндаи вазорати умури хориҷаи ҷумҳуии Қазоқистон гуфт, ин кишвар аз ҳаққи худ барои интихоб шудан дар ҳайатҳои ҳокимаи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ маҳрӯм шудааст.
Вай изҳор кард, Остона аз Ожонси байналмилалии энержии атомӣ шикоят намекунад, аммо мавзӯи адами ҳузури худро дар ҳайати мудира матраҳ хоҳад кард.
Ин мақоми қазоқистонӣ афзуд, ин кишвар бо ҳамроҳии кишварҳои зинафъ ва дабирхонаи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, фаъолона барои ёфтани созу кори қонӯнӣ бар асоси иҷмоъи ҳамаи ширкаткунандагон дар созмон талош мекунад.