Сентябр 04, 2023 10:25 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти Узбекистон ва Амрико
    Ройзании мақомоти Узбекистон ва Амрико

Дастёри раисиҷумҳури Узбекистон бо сафири Амркио дидор ва дар мавриди чашмандози густариши ҳамкори табодули назар кард.

 «Саида Мирзиёева» дастёри раисҷумҳури Узбекисион бо  «Ҷонотон Ҳеник» сафири Амрико дидор кард.

Дар ин дидор, дар мавриди масоили ҷории ҳамкории дукишвар ва чашмандози густариши бештари равобит табодули назар шуд.

Ҳеник бори дигар таъкид кард, ки Амрико ба истиқлол, тамомияти арзӣ ва ҳокимияти ин кишвар мутааҳид аст.

Мирзиёева гуфт:  Тарафи амрикоӣ аз истилоҳи ҷорӣ дар Узбекистон ҳимоят мекунад ва алоқаи мутақобилро таъмиқи равобит дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла иқтисод, омӯзиш, беҳдошт ва дармон иброз кардааст.

18-уми август, "Бойдан" номае ба раисиҷумҳури Узбекистон ирсол кард ва аз вай барои ҳузӯр дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида (CA5 + 1), ки ба унвони бахше аз маҷмаъи умумии Созмонии Миллал дар Ню-Йорк баргузор мешавад, даъват кард.

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон аввалин сафари худро ба унвони раиси давлат дар моҳи майи 2018 ба Амрико анҷом дод ва бо Доналд Трамп расиҷумҳури вақти Амрико гуфтугӯ кард.

Иҷлоси сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико  (CA5+1 қарор аст 19 то 20-уми сентябр баргузор шавад.