Филтершудани Тик Так дар Қирғизистон
-
Филтершудани Тик Так дар Қирғизистон
Шабакаи иҷтимоъи Тик Так ба хости Вазорати фарҳанг ва ҷавонони Қирғизистон филтер шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Вазорати фарҳанг, иттилоъот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон дастрасии шабакаи иҷтимоъӣ Тик Такро дар ин кишвар мамнуъ кард.
Ин вазоратхона дар пайи шикояти созмонҳои ғайридавлати дар мавриди таъсири манфии шабакаи иҷтимоъӣ бар рушди зеҳни ва саломати кудакон ва фиқдони созукори муносиб барои таъини маҳдудияти дастрасии афрод ба иттилоъотро далели филтершудани Тик Так эълом кард.
Намояндагони парлумони Қирғизистон низ қаблан хостори масдуд шудани ин шабакаи иҷтимоъӣ шуда буданд.
Тасмими Вазорати фарҳанг барои масдуд кардани платформи маҳбуби Тик Так дар ин эътирози бархе корбарони қирғизро ба дунбол дошта аст.