Сармоягузории Узбакистон барои биёбонзудоӣ
(last modified Sun, 10 Sep 2023 10:40:28 GMT )
Сентябр 10, 2023 15:40 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Узбакистон барои биёбонзудоӣ
    Сармоягузории Узбакистон барои биёбонзудоӣ

Вазири экалогаи муҳити зист ва тағироти иқлмии Узбакистон мегуяд беш аз 50 дарсади сармоягузории ин кишвар ба мавзуъоти биёбонзудоӣ ихтисос дода шуда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба налқ аз хабаргузории Садо ва Симо, Азиз Абдулҳакимов вазири экалоги муҳити зист ва тағироти иқлими Узбакистон дар иҷлоси байналмилалии муқобила бо туфонҳои гарду ғубор дар Теҳрон гуфт: 3 миллион гектар аз бистари дарёчаи Орол конуни гарду ғубор ва туфони намак шуда аст ва солона то 100 миллион тонна аз ин гарду ғубор вориди ҷав мешавад.

Азиз Ҳакимов афзуд: Туфонҳои гардуғубор як масъалаи фаромарзи ва муқобила бо он мусталзими роҳи ҳали амали ва иқдомоти байналмилалӣ аст.

Иҷлоси байналмилалии муқобила бо туфонҳои гарду ғубор дируз шанбе бо ширкати намояндагони аз 50 кишвар бо ҳузури Сайид Иброҳими Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.