Увзоъи Афғонистон меҳвраи дидори мақомоти Узбекистон ва Олмон
(last modified Mon, 11 Sep 2023 05:34:01 GMT )
Сентябр 11, 2023 10:34 Asia/Dushanbe
  • Увзоъи Афғонистон меҳвраи дидори мақомоти Узбекистон ва Олмон
    Увзоъи Афғонистон меҳвраи дидори мақомоти Узбекистон ва Олмон

Намояндаи вижаи раисиҷумҳӯрии Узбекистон бо ҳайати бунёдии Олмон ба сарпарастии мудири бахши Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Шарқ дидор кард.

Исматуллоҳ Эргашов намояндаи вижаи раисиҷумҳурии Узбекистон дар умури Афғонистон ва ҳайати бунёдии «Боргов» Олмон ба сарпарастии «Басир Фадо» мудири бахши Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ дар чорчӯби як дидор дар шаҳри Тошканд увзоъи Афғонистонро баррасӣ карданд.

Дар ин дидор увзои ҷории Афғонистон ва ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобил дар ин масир мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин бар аҳамияти ироаи кумаки башардӯстона ба ин  кишвар таъкид шуд.

Намояндагони бунёд дар нақши муҳими Узбекистон дар барқарории сулҳи дарозмуддат ва пойдор таъкид карданд.

Олмон 31 декабри 1991 истиқлолияти  Узбекистонро ба расмият шинохт