Азми Маскав ва Тошканд бар рушди каридури байналмилалии шимол-ҷануб
Нахуствазири Русия дар чаҳорумин нишасти комисяи муштараки Узбакистон гуфт: 2 кишвар қасд доранд ҳамкориҳоро дар заминаи рушди каридури байналмилалии шимол-ҷануб афзоиш диҳанд.
Михаил Мишустин нахуствазири Русия ва Абдуллоҳ Орифов нахуствазири Узбакистон чаҳорумн нишасти комисяи муштаракро баргузор карданд.
Дар ин нишаст тарафайн дар мавриди ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, фаннӣ, фарҳангӣ ва башардустона гуфтугу карданд.
Мишустин таъкид кард: Узбакистон яке аз шарикони пешравии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст гардиши моли тиҷории мутақобил аз январ то июли соли 2023 ба ҳудуди 470 миллиард рубл (4.8 миллиард доллар) расид ва беш аз 80 ниҳоди русӣ бо шарикони узбакистонӣ равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ доранд.
Нахуствазири Русия гуфт: Сармоягзуорони ин кишвар омодаи мушорикат дар навсозии зерсохтҳои фурудгоҳи Узбакистон ҳастанд.
Ду кишвар қасд доранд ҳамкориҳоро дар заминаи рушди каридури байналмилалии шимол-ҷануб афзоиш диҳанд Ориф низ ба навбаи худ хотирнишон кард: Ҳаҷми ҳамлунақли байни ду кишвар ба таври қобили таваҷуҳи афзоиш ёфта аст ин дар мавриди ҳамаи анвоъи ҳамлунақл сидқ мекунад.
Нахуствазири Узбакистон таъкид кард: Мо аз рушди яке аз шараёнҳои ҳамлу нақли аслии қораи Авруосиё каридури шимол-ҷануб ҳимоят мекунем. Мо алоқаманд ба роҳандозии муштараки каридури ҳамлунақли ҷадиди Белорус, Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Афғонистон ва Покистон ҳастем яке аз ҷанбаҳои муҳим татбиқи ин ибтикор сохти хати роҳи оҳан дар имтидоди даҳлези Транс-афғон аст.