Аксарияти порлумонии шиаён; нуқтаи атфе дар масири истиқлолу суботи сиёсии Ироқ
Порс Тудей - Ҳамзамон бо эъломи натоиҷи ниҳоии интихоботи маҷлиси Ироқ, ҷараёни сиёсии «Чорчӯби ҳамоҳангӣ», муташаккил аз тамомии аҳзобу гуруҳҳои шиъӣ, расман худро ба унвони бузургтарин фраксюни маҷлиси оянда тасбит кард.
Дар нишасти сарони эътилофи «Чорчӯби ҳамоҳангӣ», ки бо ҳузури Муҳаммад Шиёъ Ал Судонӣ, нахуствазири Ироқ баргузор шуд, тавофуқ шуд то номзадҳои тасаддии пости нахуствазирӣ барои чаҳор соли оянда аз даруни ин эътилоф муаррифӣ шаванд; тасмиме, ки таҳлилгарони онро нишонаи инсиҷоми сиёсии ҷараёнҳои шиъа ва омили муҳими суботи дохилӣ арзёбӣ мекунанд.
Бар асоси охирин натоиҷи камиссиони олии мустақили интихобот дар Ироқ, эътилофи бузурги шиаёни мавсӯм ба эътилофи «Чорчӯби ҳамоҳангӣ», аз маҷмӯи 329 курсии порлумон 182 курсӣ касб кард, ки аксарияти курсиҳоро шомил мешавад ва ба онҳо иҷозаи манёври болое дар порлумон хоҳад дод ва дар айни ҳол аксарияти кабина дар ихтиёри онҳо хоҳад буд ва эътилофҳои аҳли суннат ва курдҳо дар мартабаҳои баъдӣ қарор гирифтанд.
Дар шашумин давраи порлумони Ироқ, ҳафт феҳристи умда аз гуруҳҳои сиёсии аҳли суннат ба порлумон роҳ ёфтаанд, ки дар маҷмӯи теъдоди курсиҳои онҳо ба 65 курсӣ расидааст. Маҷмӯи курсиҳои курдҳо низ дар ин давра аз порлумони Ироқ 59 курсӣ буд.
Бузургтарин ғоиби ин давра аз интихоботи Ироқ ҷараёни Садр буд, ки дар интихоботи порлумонии 2021 бо касби 73 курсӣ пирӯзи аввали интихобот буд, аммо ба хотири ихтилофоти сиёсӣ аз порлумон инсироф дод ва дар ин давра низ интихоботро таҳрим карду ҳозир ба ширкат дар шашумин давраи интихоботи порлумонии Ироқ нашуд.
Пирӯзии эътилофи «Чорчӯби ҳамоҳангӣ» ба унвони бузургтарин феҳристи шиаён дар интихоботи ахири Ироқ паёмадҳои муҳимме барои ояндаи сиёсии ин кишвар дорад. Бо касби аксарияти курсиҳои порлумон, ин эътилоф тавоноӣ дорад нахуствазирро муаррифӣ кунаду бахши умдае аз кабинаро дар ихтиёр дошта бошад. Ин амр ба шиаён имкон медиҳад ҷиҳатгириҳои калони давлатро таъйин кунанду сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷиро таҳти таъсир қарор диҳанд.
Инсиҷоми ҷараёнҳои шиъӣ дар қолаби як эътилофи воҳид ҳамчунин нишонае аз коҳиши шикофҳои дарунӣ ва афзоиши қудрати чоназании онҳост, ки ин инсиҷом омили муҳимме барои суботи дохилӣ дар Ироқ хоҳад буд ва ҳамчунин монеъ аз такрори буҳронҳои сиёсии гузашта хоҳад шуд.
Бо вуҷӯди аксарияти шиаён, ташкили давлати пойдор ниёзманди ҳамкорӣ бо аҳли суннату курдҳост. Тақсими суннатии қудрат (нахуствазирӣ барои шиаён, раёсатҷумҳурӣ барои курдҳо, раёсати порлумон барои аҳли суннат) ҳамчунон идома хоҳад дошт.
Пирӯзии бузургтарин феҳристи шиаён дар интихоботи Ироқ нуқтаи атфе дар сиёсатҳои калони ин кишвар аст, ки на танҳо ба шиаён қудрати таъйини нахуствазиру кантроли кабинаро медиҳад, балки бо инсиҷоми дохилии онҳо суботи сиёсии Ироқ тақвият мешавад. Муваффақияти давлати ояндаи Ироқ ҳамчунин вобаста ба ҳамкории се ҷараёни аслӣ (шиаён, аҳли суннат ва курдҳо) ва мудирияти ҳӯшмандонаи мавзӯи хурӯҷи неруҳои хориҷӣ хоҳад буд.
Яке аз меҳварҳои аслии барномаи шиаёни хурӯҷи неруҳои хориҷӣ бавижа низомиёни амрикоӣ аз Ироқ аст. Дар канори шиаён, ҷараёноти миллигаро ва мазҳабӣ дар Ироқ низ хурӯҷи низомиёни амрикоиро аз авлавиятҳои барномаҳои худ медонанд. Хурӯҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ барои ҷараёнҳои сиёсии ин кишвар аҳамият дорад, зеро ба унвони намоди истиқлолу ҳокимияти миллӣ талаққӣ мешавад, бар суботи дохилӣ ва машрӯъияти давлат асар мегузорад ва дар айни ҳол бар равобити минтақаӣ ва байналмилалии Ироқ таъсири мустақим дорад.
Намояндагони порлумону гуруҳҳои сиёсӣ таъкид кардаанд, ки артиши Ироқ ва неруҳои мардумӣ тавоноии комил барои таъмини амнияти кишварро доранду ниёзе ба ҳузури хориҷӣ нест. Хурӯҷи неруҳои амрикоӣ ба унвони як зарурати миллӣ барои тасбити истиқлоли сиёсии Ироқ матраҳ мешавад.