Мушорикати Ал-Ҳашади Ал-Шаабӣ дар пружаҳои умронии Ироқ
Раиси Ал-Ҳашад Ал-Шаабӣ гуфт : Ин Созмон бо бархурдорӣ аз тавоноиҳои билқувва дар пружаҳо ва корҳои умронии Ироқ мушорикат ҷиддӣ хоҳад дошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , « Фолеҳ Ал-Фиёз » дар маросими такрим аз неруҳои ин Созмон, ки дар баргузарии маросими муваффақи пиёда равии арбаъини Эмоми Ҳусайн ( а ) мушорикат доштанд ، афзуд : Ал-Ҳашад Ал-Шаабӣ аз тариқи ширкати муҳандисии худ омодааст то ба унвони бозуии созандагӣ ва хадамот барои мушорикат дар халқи фурсатҳои кор барои бахши хусӯси ворид амал шавад.
Вай бо баёни ин,ки ин Созмон нақши муҳиме дар «ҷиҳоди хадамот» дорад ، афзуд : Ал-Ҳашади Ал-Шаабӣ даст дар дасту шона ба шонаи давлату мардум барои ироаи хадамоту мушорикат дар пружаҳои азиме, ки Ироқро дар радифи кишварҳои тавсиа ёфта қарор медиҳад, дар канори давлат истодааст.
Вай ҳамчунин бо ишора ба баргузории маросими муваффақиятомези пиёда равии Арбаъин ، изҳор кард : Эмоми Ҳусайн ( а ) бузургтарин мазҳари дини ислому нишондиҳандаи масири бақои башарият аст мардуми Ироқ иртиботи вижае бо Эмом Ҳусайн ( а) доранд ва мо муфтахарем ки сарзамини мо пайкари мутаҳҳари ин Эмомро дар худ ҷой додааст маросими Арбаъин на танҳо дар Ироқ балки дар кули ҷаҳони ислом равоҷ ёфтааст.