263 миллиарддоллар ҳазинаи истифода аз манобеи энержии «сабз» дар Осиёи Марказӣ
(last modified Sun, 08 Oct 2023 13:48:14 GMT )
Октябр 08, 2023 18:48 Asia/Dushanbe
  • 263 миллиарддоллар ҳазинаи истифода аз манобеи энержии «сабз» дар Осиёи Марказӣ

Бонки Ҷаҳонӣ гузориши ҷадиде дар бораи ҳазинаи навсозии системаҳои гармоишӣ ва интиқол ба манобеи энержии поки пойдор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мунташир кард.

Бонки Ҷаҳонӣ гузориши ҷадиде дар мавриди ҳазинаи иртиқои системаҳои гармоишӣ ва тағйир ба манобеи энержии поки пойдор барои манобее монанди энержии офтобӣ, замингармоӣ, саноатӣ ва ғайра дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мунташир кард.

Ба гуфтаи мудирони ин бонк, агар кишварҳои Осиёи Марказӣ тасмим бигиранд системаҳои таъмини ҳарорати худро бо тағйир ба манобеи энержии «сабз» модерн кунанд, бояд 263.8 миллиарддоллар барои ин аҳдоф ҳазина кунанд.

Бештарин ҳаҷми сармоягузорӣ барои Қазоқистон 104 миллиарддоллар, Узбекистон 110.8 миллиарддоллар ва Туркманистон 21.3, Қирғизистон 15.2 миллиарддоллар ва Тоҷикистон 12.5 миллиарддоллар баровард шудааст.