Октябр 16, 2023 12:45 Asia/Dushanbe
  • Имзои 800 миллион евра қарордоди байни Узбекистон ва Чехия
    Имзои 800 миллион евра қарордоди байни Узбекистон ва Чехия

Қарордодҳои сармоягузорӣ ва тиҷорӣ ба арзиш беш аз 800 миллион евра дар чорчӯби сафари ҳайати узбек ба сарпарастии « Абдуллоҳ Орифов » нахуствазири Узбекистон ба Ҷумҳурии Чехия имзо шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс аз Тошканд ; « Абдуллоҳ Орифов » нахуствазири Узбекистон дар чорчӯби ин сафари расмӣ бо « Питер  Павел » раиси Ҷумҳурии Чехия дидор кард ва  густариш беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобилро баррасӣ карданд. Ҳамчунин дар ин дидор чашм андози густариши ҳамкориҳои мутақобили байни муассисоти тиҷорӣ ва  иқтисодӣ,  энержӣ,ҳамлу нақл,  гардишгарӣ, кишоварзӣ,  фарҳангӣ, омӯзиши олӣ ва  пажӯҳишии дукишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт .