Октябр 27, 2023 17:19 Asia/Dushanbe
  • Абдулҳакимов: Самарқанд замоне маркази маориф ва илми пешрафта дар Шоҳроҳи Абрешим буд
    Абдулҳакимов: Самарқанд замоне маркази маориф ва илми пешрафта дар Шоҳроҳи Абрешим буд

Дар ҳошияи иҷлосияи 25-уми Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ (UNWTO) дар Самарқанди Узбакистон, дар ин шаҳр низ маросими ифтитоҳи Академияи байналмилалии гардишгарии ин созмон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар маросими ифтитоҳи Фарҳангистони байналмилалии гардишгарии Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ дар Самарқанд, Азиз Абдулҳакимов, вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйири иқлими Узбакистон, Зораб Пололикашвилӣ, дабири кулли Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ, вазирон ва сардорони ҳайатҳои вакилони кишварҳои  иштироккунанда дар Маҷмаи умумии Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ ҳузур доштанд.

Абдулҳакимов дар ин маросим гуфт: Самарқанд замоне маркази маориф ва илми пешрафта дар Шоҳроҳи Абрешим буд.

Ӯ гуфт, ки дар Узбакистони нав мо таъриху анъанаҳои худро қадр мекунем, ба хусус ба таҳсилоти босифат таваҷҷуҳ зоҳир мекунем.

Соли 2018 бо ташаббуси Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Самарқанд Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Шоҳроҳи Абрешим» боз шуд.

Зораб Пололикашвилӣ, дабири кулли Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ низ бар аҳамияти омӯзиш дар рушди гардишгарӣ ва ифтитоҳи як академияи байналмилалӣ дар кишвари мизбони маҷмаи кулл таъкид кард.

 

Барчасп