Барномаи Путин барои сафар ба Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i108808-Барномаи_Путин_барои_сафар_ба_Қазоқистон
Раисиҷумҳури Русия ба даъвати ҳамтои қазоқи худ ҳафтаи оянда ба Остона сафар мекунад.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Ноябр 06, 2023 18:54 Asia/Dushanbe
  • Барномаи Путин барои сафар ба Қазоқистон

Раисиҷумҳури Русия ба даъвати ҳамтои қазоқи худ ҳафтаи оянда ба Остона сафар мекунад.

Чанде пеш, Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар дидор бо Алексей Бородавкин, сафири Русия дар ин кишвар, бар аҳаммияти сафари ояндаи Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва нуздаҳумин Комиссиюни ҳамкориҳои минтақаии ду кишвар таъкид кард.

Руасои ҷумҳури Русия ва Қазоқистони ҳафтуми октябр ҳам дар Маскав дар маросими ифтитоҳияи тронзити гази Русия ба Узбекистон аз тариқи хоки Қазоқистон, бо якдигар дидор карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, раисиҷумҳури Русия ҳафтаи оянда барои дидору гуфтугӯ бо ҳамтои қазоқи худ озими Остона хоҳад шуд.