Таъкиди Мирзиёев бар расидани Узбекистон ба иқтисоди «сабз»
Раисиҷумҳури Узбекистон гуфт, гузор ба иқтисоди «сабз» ва дастёбӣ ба тавсеаи иқтисоди камкарбон, авлавияти роҳбурдии кишвараш аст.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Шавкат Мирзиёев дар нишасти солонаи тағийроти иқлимии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Дубай гуфт, гузор ба иқтисоди «сабз» ва дастёбӣ ба бетарафии карбон авлавияти роҳбурдии Узбекистон ҷадид аст.
Мирзиёев ба даъвати Шайх Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳён, раиси давлати Иморот дар нишасти солонаи тағийроти иқлимии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Дубай баргузор шуд, ҳузур дошт.
Тибқи ин гузориш, дар ин маросим, ки сарони кишварҳо ва давлатҳои беш аз 170 кишвари ҷаҳон, руасои созмонҳои муътабари байналмилали ва муассисоти молӣ ҳузур доштанд, раиси ҷумҳури Узбекистон таъкид кард, дар ҳоли ҳозир тағийроти иқлим ба аслитарин чолиш дар масири тавсеаи пойдор табдил шуда ва ин амр бавижа дар Осиёи Марказӣ ва манотиқи муҷовир дар заминаи фоҷеъаи дарёчаи Арал, яке аз мухаррибтарин буҳронҳои зистмуҳитии замони ҳол эҳсос мешавад.
Вай ҳамчунин бо ишораи инки афзоиши дамои ҳаво дар Осиёи Марказӣ ду баробари миёнгини ҷаҳон аст ва як сеюми яхчолҳои табии низ об шудаанд, ибрози умедворӣ кард, ки натоиҷи нишасти «Дубай» барои наздикии ҳамаи кишварҳо дар роҳи ояндае пойдор, шукӯфо ва амн барои кураи замин кумак кунад.