Декабр 07, 2023 18:40 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши ҳаҷми пиряхҳои табиӣ дар Осиёи марказӣ

Ҳаҷми пиряхҳои табиӣ дар Осиёи марказӣ 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

Image Caption

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Форс дар Тошканд,Азиз Абдулҳакимов-вазири экология, ҳифозат аз муҳити зист ва тағйироти иқлими Узбакистон дар нишасте бои меҳвари «Муҳоҷирони иқлимӣ, хатароти иқлимӣ ва созгорӣ» дар шаҳри  Дубай гуфт: Тайи 60 соли гузашта дар асари тағйироти обуҳавоӣ ҳаҷми пиряхҳои табиӣ дар Осиёи марказӣ 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

 Азиз Абдулҳакимов изҳор дошт:Асароти тағйироти иқлимӣ боиси эҷоди мушкилоти гуногуне дар саросари ҷаҳон шудааст ва ба далели авомили иқлимӣ ва ғайрииқлимӣ тақрибан ниме аз ҷамъияти кураи Замин ҳадди ақал дар давраҳои хоссе аз сол бо камбуди ҷиддии об мувоҷиҳ ҳастанд.

Вазири экология, ҳифозат аз муҳити зист ва тағйироти иқлими Узбакистон таъкид кард: Ҳифозат аз иқлим ва муҳити зист дар авлавияти давлат Узбакистон қарор гирифтааст.

 

Барчасп