Декабр 11, 2023 09:59 Asia/Dushanbe
  • Маҳдӯдияти фаъолияти пумпҳои газ дар саросари Узбекистон
    Маҳдӯдияти фаъолияти пумпҳои газ дар саросари Узбекистон

Вазорати энергии Узбекистон аз маҳдӯдияти фаъолияти пумпҳои газ дар саросари ин кишвар ба далели шурӯъи фасли сармо хабар дод .

Пештар, дар мавриди маҳдӯдияти фаъолияти пумпҳои газӣ дар устонҳои « Андиҷон » ва « Сурхон Дарё » ва ҳамчунин « Қарақалпақстан » ва « Қашқа Дарё » Узбекистони гузориш шуда буд.

Дарҳамини иртибот, корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ дар Узбекистон ҳамчунин дар мавриди тағйири соъати кори пумпи газҳо дар « Тошканд » ва  соири манотиқи ин кишвар низ хабар додаанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Тошканд ; вазорати энергии Узбекистон рӯзи якшанбе аз масрафкунандагон хост то замони тасбити вазъият ,дар масрафи газ сарфаҷӯӣ кунанд.

Бар асоси гузориши вазорати энергӣ ва ширкати « ҳудӯди Гозтоминот » Узбекистон ، тақозо барои гази табиӣ дар миёни мардуми ин кишвар ба далели сард шудани дамои ҳаво афзоиш ёфта, ки ба навбаи худ мунҷар ба коҳиши қобили тавваҷуҳи фишори газ шудааст. Барин асос ، иқдомоте барои маҳдӯд кардани соъоти кории пумпҳои гази метан бо аҳдофи таъмини гази табии мардуми Узбекистон анҷом мегирад, ки тибқи он ,пумпҳои газ аз соъати 6 : 00 субҳ то 15 : 00 баъд аз зуҳр фаъолият хоҳанд кард.

«Ҷурабек Мирзомуҳкаммадов» вазири энергии Узбекистон гуфта, ки дар зимистони соли гузашта авҷи касрии газ ба 21 . 6 миллион метри мукааб газ дар рӯз расид ,ки дар сурати лузӯми газрасонӣ барои бархе аз пумпҳои газӣ 30 дарсад коҳиш меёбад .

Бештар бихонед: