Тавофуқи Русия ва Узбекистон барои афзоиши ҳамкориҳои тиҷорӣ
Нишасти камисяи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Узбекистон бо имзои чанд санади ҳамкори ба поён расид.
Бистучаҳорумин нишасти камисяи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Узбекистон ба раёсати Денис Мантуров муовини нахусти вазир ва вазири санъат ва тиҷорати Русия ва Ҷамшед Хоҷаев муовини нахусти вазири Узбекистон дар Маскав баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс намояндагони Русия ва Узбекистон дар ин нишаст дар бораи густариши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои мухталиф ройзани карданд.
Дар ин дидор эълом шуд дарҳоли ҳозир Русия яке аз шарикони сармоягузорони калидии Узбекистон аст ҳудуди се ҳазор ширкати русӣ дар иқтисоди Узбекистон беш аз як триллион рубли сармоя гузорӣ кардаанд ва ин рақам ҳамчунон дар ҳол афзоиш аст.
Мантуров изҳор кард дар соли 2022 мубодилоти бозаргонии ду кишвар бо 785 миллиард рубл рекорд шикаст, табодулоти бозаргонии ду кишвар дар 9 моҳи гузаштаи ҳам 11.5 дарсад рушд дошта аст.
Муовини нахусти вазири Узбекистон авлавияти кишварашро афзоиш беш аз ду баробарии мубодилоти бозаргонӣ то соли 2030 унвон кард.
Дар поёни ин нишаст Мантуров ва Хоҷаев протоколи бистучаҳорумин нишасти камиссиюни ҳамкории иқтисодии Русия ва Узбекистонро имзо карданд.
Ҳамчунин бо ҳузури раисони муштараки камисяи байнидавлати тафоҳумномаи ҳамкории байни ширкати федеролии Русия дар рушди саноати кучак ва миёна ва банки рушди тиҷорати Узбекистон дар заминаи ҳамкориҳои тавлидӣ ва ҳамгароӣ системаҳои диҷитал имзо шуд.