Худоҳофизии сафири Тоҷикистон дар Исломобод бо раисиҷумҳур ва вазири хориҷаи Покистон
(last modified Sun, 28 Jan 2024 12:55:27 GMT )
Январ 28, 2024 17:55 Asia/Dushanbe
  • Худоҳофизии сафири Тоҷикистон дар Исломобод бо раисиҷумҳур ва вазири хориҷаи Покистон

Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар поёни маъмурияти дипломатии худ ба сӯрати ҷудогона бо раисиҷумҳур ва вазири умӯри хориҷаи Покистон дидор кард.

Исматуллоҳ Насриддин, сафири Тоҷикистон дар Покистон дар поёни маъмурияти дипломатии худ ба сӯрати ҷудогона бо Ориф Алавӣ, раисиҷумҳур ва Ҷалил Аббос Ҷелонӣ, вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор кард.

Раисиҷумҳури Покистон тайи ин дидор зимни қадрдонӣ аз саҳми сафири Тоҷикистон дар тавсеа ва густариши ҳамкориҳои ду кишвари дӯст, барои вай дар фаъолиятҳои оянда орзӯи муваффақият кард.

Дар чорчӯби ин дидор, чашмандози равобити дуҷониба баррасӣ ва дар мавриди тавсеаи бештари он, табодули назар шуд.

Вазири умури хориҷаи Покистон дар ибтидои дидор бо сафири Тоҷикистон аз саҳми вай дар тақвияти равобити дӯстона байни ду кишвар, ташаккур ва хотирнишон кард, ки дар муддати тасаддии Насриддин дар ин симат, ду кишвар ба муваффақиятҳо дар заминаҳои мухталифи ҳамкорӣ даст ёфтанд.

Сафири Тоҷикистон дар суханоне аз кумаку ҳимоятҳои вазири умӯри хориҷаи Покистон дар тӯли фаъолиятҳои дипломатии худ дар ин кишвар қадрдонӣ кард.