Феврал 17, 2024 19:48 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Қазоқистону Қатар барои интиқоли ғаллот аз масири Эрон

Дар ҷараёни сафари ахири раисиҷумҳури Қазоқистон ба Давҳа ва дидор бо сармоягузорони қатарӣ ду тараф дар бораи интиқоли ғаллоти Қазоқистон ба Қатар аз Эрон гуфтугӯ карданд.

Воҳиди матбӯотии вазорати хориҷаи Қазоқистон гузориш дод, дар ҷараёни сафари Қосим Ҷомарт Тоқаев ба Давҳа, сармоягузорони қатарӣ, қарордодҳое барои мушорикат дар кишоварзии Қазоқистон ба арзиши 500 миллиондоллар имзо ва ҳамчунин ду тараф барои ҷобаҷоии ғаллот ба Қатар аз тариқи Эрон музокира карданд.

Хабаргузории Фарғона гузориш дод, ки тавофуқоти марбӯта дар сафари охири ҳафтаи гузаштаи раисиҷумҳурии Қазоқистон ба Қатар ҳосил шуд.

Аз ҷумла ин тавофуқот, имзои қарордоде ба арзиши 200 миллиондоллар буд, ки миёни ширкати қатарӣ (Hassad Food), ширкати туркияӣ (Tiryaki) ва ҳолдинги миллии мудирияти (Baiterek) барои сохти корхонаи пардозиши ғаллот ва нухуд дар минтақаи “Akmola” сӯрат гирифт.

Қарордоди дигаре миёни як ҳолдинги қазоқ (Диноро) ва ширкати миллии Қатар ба арзиши 300 миллиондоллар имзо шуд. Тарафайн мехоҳанд як сандӯқи сармоягузории мустақими муштарак барои тавсеаи бахши кишоварзии Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ эҷод кунанд.

Дар пайи натоиҷи сафари раисиҷумҳури Қазоқистон ба Қатар, вай ибрози умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздики ин кишвар (Қатар) ба яке аз 10 сармоягузори бузурги Қазоқистон табдил шавад. Тоқаев ҳамчунин бо ишора ба омодагии Қазоқистон барои афзоиши содироти 60 қалам коло ба Қатар ба арзиши 250 миллиондоллар, пешниҳоди афзоиши тиҷорати мутақобил ба 500 миллиондоллар дар ояндаи наздикро низ матраҳ кард.

 

Барчасп